пушт

пушт
[پشت]
1. қисми қафои бадан аз миён боло то китфу шона ва гардан; тахтапушт
2. тарафи ақиби ҳар чиз, қафо, ақиб, пас: пушти дар, пушти хона, аз пушт аз пас, аз қафо; аз пушти а) аз паси, аз ақиби, баъди; б) дар ғайби, дар набудани (касе)
3. пай, дунбол; пушти ҳам паи ҳам; пушти ҳамдигар дунболи якдигар, пушт ба пушт; пушт-пушти… аз қафои…, ба дунболи…
4. боло, қисми болои ҳайвонот
5. пуштибонӣ, ҳимоят; аз пушти… аз шарофати, бо мададгории…; пушту паноҳ такягоҳ, мададгор, ҳомӣ; ба пушти… а) ба тахтапушти…; б) ба қафои…, ба паси…; дар пушти… дар паси…, дар қафои…
6. насаб, авлод, нажод; пушташ ба замин нарасида мағлубнашуда дар гуштин, зӯр, паҳлавон; пушти сари касе дар ғайби касе, дар набудани касе; пушт гардонидан гурехтан; пушти касеро дидан гурехтани касеро дидан; пушти касеро хок хӯронидан касеро дар гӯштин мағлуб кардан; пушти корро хунук накардан кореро дар вақташ иҷро кардан, барои дар вақташ иҷро кардани коре кӯшидан; пушти ману табари қассоб (мақ.) аз касе чизе парвое накардан, ба гапи касе чизе аҳамият надодан, чизеро нодида гирифтан; пушти по задан чизеро чизеро рад кардан, аз чизе рӯй гардонидан, эътибор надодан; пушти сарам ҳам набинад ҳаргиз набинам, безор будан. пушти сар кардани чизеро а) чизеро аз сар гузаронидан; б) чизеро тарк кардан; пушти сар хоридан ҳайрон шудан; пушт маҳкам будан пурзӯр ва пурқувват будан, ҳомӣ доштан; пушт хам шудан қомат хамидан, қомат дуто шудан (аз ғам, аз ғусса, аз фишору тазйиқ); ба пушту пеш… (паҳлу) нигоҳ карда гап задан вазъиятро ба ҳисоб гирифтан гап задан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно сделать НИР?

Смотреть что такое "пушт" в других словарях:

  • пуштӣ — [پشتي] 1. мансуб ба пушт 2. ҷомаи кӯтоҳ, ҷомае, ки то миён меояд 3. ёрӣ, мададгорӣ, ҳимоят, тақвият; пуштӣ ёфтан ёрӣ дидан, кумак гирифтан, ҳимоят доштан, пуштӣ кардан ёрӣ додан, ҳимоят намудан; пуштии касеро гирифтан тарафдори касе шудан 4.… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • пуштуны — пушт уны, ов, ед. ч. пушт ун, а …   Русский орфографический словарь

  • пушту — пушт у, неизм. и нескл., муж. (язык) …   Русский орфографический словарь

  • пуштунский — пушт унский …   Русский орфографический словарь

  • афшонидан — [افشاندن // افشانيدن] 1. пошидан, чошидан 2. ларзон(и)дан, ҷунбон(и)дан; пушт афшондан пушт ларзондан, пушт ҷунбондан, пушт дарҳам кашидан 3. барои чангу хоки чизеро равондан онро сахт такон додан, шиппондан 4. нисор кардан, рехтан 5. нақшу нигор …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • пуштакӣ — [پشتکي] гуфт. чизе ё касеро ба пушт гирифтан; ба воситаи пушт, тариқи пушт; пуштакӣ; пуштакӣ хоб рафтан ба пушт хоб рафтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • пуштора — [پشتاره] бастаи боре, ки ба пушт мебардоранд; пуштаи бор; пуштора кардан ба пушт бардоштан; ба пуштора кашидан (кашондан) пуштора карда овардан (бурдан), ба пушт бардошта овардан (бурдан) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Пуштуны — Пуштуны …   Википедия

  • ақибнокӣ — [عقب ناکي] бо ақиб, бо пушт, пуштнокӣ: ақибнокӣ афтидан; ақибнокӣ рафтан пуштнокӣ рафтан, бо пушт рафтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • арра — [اره] абзори оҳанини дандонадори бодаста ва камон, ки бо он чӯбу тахта ва филизот мебуранд; арраи барқӣ аррае, ки ба воситаи қувваи барқ ба ҳаракат дароварда мешавад; арра кардан // арра кашидан бо арра буридан ◊ арраи пушт мӯҳраҳои пушт; арраи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»